Алассабоҳ, ки наргис пиёла бардорад,
Алассабоҳ, ки наргис пиёла бардорад,
Суман ба азми сабуҳӣ кулола бардорад.
Чаковак аз сари мастӣ хурӯш дарбандад,
Зи шавқ булбули дилхаста нола бардорад.
Ба сад ҷамол даромад арӯси гул ба чаман,
Сабо-ш домани гулгунғулола бардорад.
Вуҷӯҳи қарзи маям ҳаст, лек метарсам,
Ки майфурӯшам ном аз қабола бардорад,
Хунук насими баҳорӣ, ки сар занад саҳаре,
Зи рӯйи чун гули соқӣ кулола бардорад.
Хушо касе, ки дар он дам зи бонги булбули маст
Зи хоби ноз нишинад, пиёла бардорад.
Убайдвор бизан панҷ коса май, к-он май
Зи пеши дил ғами панҷоҳсола бардорад.