Ошиқи шӯрида тарки ёр натвонист кард,
Ошиқи шӯрида тарки ёр натвонист кард,
Сабр бе дил карду бе дилдор натвонист кард.
Ҷон чу бо ишқ ошно шуд, аз хирад бегона гашт,
Ҳамдамӣ з-ин беш бо ағёр натвонист кард.
Ростиро ҳақ ба дасташ буд, инкораш макун,
Муддаиро маҳрами асрор натвонист кард.
Номи сармастони ошиқ пеши сармастон нагуфт,
Ҳеч кас Мансурро бар дор натвонист кард.
Нафси кофир солҳо кӯшиду чандон, к-озмуд,
Тарки маъшуқу маю зуннор натвонист кард.
Зоҳид аз меҳроб берун рафту дар майхона ҷуст,
То қиёмат рӯй дар девор натвонист кард…
Дӯш бар рухсори зардам диду чандон, к-об зад,
Бахти хоболудро бедор натвонист кард.
Эй Убайд, ар оқилӣ, аз ишқ инкораш макун,
Ҳеч оқил ишқро инкор натвонист кард.