Видои Каъбаи ҷон чун тавон кард?
Видои Каъбаи ҷон чун тавон кард?
Фироқаш бар дил осон чун тавон кард?
Табибам меравад, ман дарди худро
Намедонам, ки дармон чун тавон кард.
Маро аҳдест, к-андар пош мирам,
Хилофи аҳду паймон чун тавон кард?
Ба куфри зулфаш имон ҳар кӣ овард,
Дигар бораш мусалмон чун тавон кард?!
Маро гӯянд: Пинҳон дор розаш,
Ғами ишқ аст, пинҳон чун тавон кард?
Гирифтам, рози дил битвон ниҳуфтан,
Давои чашми гирён чун тавон кард?
Убайд аз ишқ агар девона гардад,
Бад-ин ҷурмаш ба зиндон чун тавон кард?!