Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад,
Зи сӯзи ишқи ман ҷонат бисӯзад,
Ҳама пайдову пинҳонат бисӯзад.
Зи оҳи сарду сӯзи дил ҳазар кун,
Ки инат бифсурад, онат бисӯзад.
Мабар найрангу дастон пеши ӯ, гӯ:
Ба сад найрангу дастонат бисӯзад.
Ба дасти хештан шамъе наяфрӯз,
Ки дар соат шабистонат бисӯзад.
Чӣ дорӣ оташе дар зери доман,
К-аз он оташ гиребонат бисӯзад?
Дил андар васли ман бастию тарсам,
Ки ногаҳ тоби ҳиҷронат бисӯзад.
Надорад судат он гоҳе, ки ёбӣ,
Убайд, он номусалмонат бисӯзад.