Дилам з-ин беш ғавғо барнатобад,
Дилам з-ин беш ғавғо барнатобад,
Сарам з-ин беш савдо барнатобад.
Зи шавқат бар дили девонаи мост
Ғаме, к-он санги хоро барнатобад.
Ғаматро гӯ, бидор аз ҷони мо даст,
Ки ин вайрона яғмо барнатобад.
Биё имшаб, магӯ фардо, ки ин кор
Дигар имрӯзу фардо барнатобад.
Сарат дар пой андозем чун зулф,
Агар зулфат сар аз по барнатобад.
Убайд аз дард кай ёбад раҳоӣ,
Чу дарди дил мудово барнатобад?