Шарм дор, эй дил, аз ин даҳр раҳоӣ то чанд?
Шарм дор, эй дил, аз ин даҳр раҳоӣ то чанд?
Бехудӣ то ба каю беҳудароӣ то чанд?
Нест кори ту ба сомону кай оӣ ба наво,
Ғарра гаштан ба чунин кору киёӣ то чанд?
Бо чунин молу бақоеву матое, ки турост,
Лофи қорунию даъвои худоӣ то чанд?
Тан муқими ҳараму дил ба хароботи муғон,
Карда зуннор ниҳон зери абое то чанд?
Дунйию охиратат ҳар ду ҳавас медорад,
Якҷиҳат бош чу мардон, дуҳавоӣ то чанд?
Аз дари раҳмати Ҳақ ҷӯй кушоиш чу Убайд,
Бар дари бастаи маҳлуқ гадоӣ то чанд?