Ҷавқи қаландаронем, бар мо қалам набошад,
Ҷавқи қаландаронем, бар мо қалам набошад,
Буду вуҷуди моро бок аз адам набошад.
Султони вақти хешем, гарчи зи рӯйи зоҳир
Лашкаркашони моро таблу алам набошад.
Муште муҷаррадонем, бар фақр дил ниҳода,
Гар ҳеч амон набошад, аз ҳеч ғам набошад.
Дар дасту кисаи мо динор кас набинад,
Бар сиккаи дили мо нақши дирам набошад.
Ҷон дар мурод ёбӣ, дар ҳалқае, ки моем,
Риндони бенаворо нилу бақам набошад.
Чун мо ба ҳеч ҳоле озори кас нахоҳем,
Озори хотири мо шарти карам набошад.
Дар роҳи покбозон, гӯ, лофи фақр кам зан,
Ҳамчун Убайд ҳар к-ӯ собитқадам набошад.