Сапедадам ба сабуҳӣ шароб хуш бошад,
Сапедадам ба сабуҳӣ шароб хуш бошад,
Навову нағмаву чангу рубоб хуш бошад.
Миёни боғ чу васли нигор даст диҳад,
Канори обу шаби моҳтоб хуш бошад.
Шамоили рухи ҷонон ба хоб дидам дӯш,
Умед ҳаст, ки таъбири хоб хуш бошад.
Убайд ин ду-се байтак ба як замон гуфтаст,
Гараш ту гуфт тавонӣ, ҷавоб хуш бошад.