Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Куҷо касе, ки маро муждаи чамона диҳад,

Куҷо касе, ки маро муждаи чамона диҳад, Алассабоҳ ба ман бодаи шабона диҳад. Зи дӯстону азизон кӣ бошад он, ки маро Нишон ба кӯи муғону майи муғона диҳад?! Хушо касе, ки чу риндон зи хона вақти саҳар Ба дар гурезаду тан дар шаробхона диҳад. Ғуломи давлати онам, ки ҳар чӣ бистонад, Ба шамъу шоҳиду чангу дафу чағона диҳад. Зи ғам паноҳ ба май бар, ки май ба хосият Натиҷа айши хушу умри ҷовидона диҳад. Марав ба ишваи зоҳид зи раҳ, ки ӯ доим Фиреби мардуми нодон бад-ин фасона диҳад. Ба эътиқод шунав панди судманди Убайд, Ки ӯ ҳамеша туро панд оқилона диҳад.