Боди сабо барги суман баркушод,
Боди сабо барги суман баркушод,
Ғулғули булбул ба чаман дарфитод.
Зинда кунад мурдаи садсоларо,
Бод чу бар гул гузарад бомдод.
Замзами мурғони сухандон шунав,
То накунӣ нағмаи Довуд ёд.
Мавсими айш аст, ғанимат шумор,
Ҳарза мадеҳ умру ҷавонӣ ба бод.
То битавон, хотири худ шод кун,
Нест бад-ин як-ду нафас эътимод.
Хок ҳамон аст, ки бар бод дод
Тахти Сулаймону сарири Қубод.
Чарх ҳамон аст, ки бар хок рехт
Хуни Сиёвушу сари Кайқубод.
Андуҳи дунё бигузор, эй Убайд,
То битавон зист яке лаҳза шод.