Лаъли нӯшинаш чу хандон мешавад,
Лаъли нӯшинаш чу хандон мешавад,
Дар ҷаҳон шаккар фаровон мешавад.
Қадди ӯ ҳар гаҳ, ки ҷавлон мекунад,
Гӯиё сарви хиромон мешавад.
Партави рӯяш чу метобад зи дур,
Офтоб аз шарм пинҳон мешавад.
Қиссаи зулфаш намегӯям ба кас,
З-он ки хотирҳо парешон мешавад.
Ман натанҳо мешавам ҳайрони ӯ,
Ҳар кӣ ӯро дид, ҳайрон мешавад.
Гарчи мегӯяд, ки бинвозам туро,
То нигаҳ кардӣ, пушаймон мешавад.
Бо Убайд ар нарм мегардад дилат,
Корҳои сахташ осон мешавад.