Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Саодат рӯй бо дини ту дорад,

Саодат рӯй бо дини ту дорад, Ғанимат хонаи зини ту дорад. Зиҳӣ давлат, зиҳӣ толеъ, зиҳӣ бахт, Ки шабпӯшу арақчини ту дорад. Чӣ муқбил ҳиндуе, к–он холи зебост, Ки маскан лаъли ширини ту дорад. Қабо, гӯӣ, чӣ некӣ карда бошад, Ки дар бар сарви симини ту дорад? Сабо дунё муаттар карда, гӯӣ, Гузар бар зулфи пурчини ту дорад. Басе дидам парирӯён дар офоқ, Надидам кас, ки оини ту дорад. Ба олам ҳар касеро кешу динест, Убайди бенаво дини ту дорад.