Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бе рӯйи ёр сабр муяссар намешавад,

Бе рӯйи ёр сабр муяссар намешавад, Бе сураташ ҳаёт мусаввар намешавад. Бо ӯ даме висол ба сад лоба солҳо Тақрир мекунем, муқаррар намешавад. Гуфтам, ки бӯсае бирабоям зи лаъли ӯ, Мушкил саодатест, ки бовар намешавад. Ҷуз он ки сар бибозаму дар пояш уфтам, Дастам ба ҳеч чораи дигар намешавад. Афсурдадил касе, ки зи занҷири зулфи ӯ Девона менагардаду кофар намешавад. Ишқаш ҳикоятест, ки аз дил намеравад, Васфаш фасонаест, ки бовар намешавад. То бӯйи зулфи ёр намеоварад сабо, Аз бӯйи ӯ димоғ муаттар намешавад. Соқӣ, биёр бода, ки ҳар лаҳза айши хуш Бе мутрибу пиёлаву соғар намешавад. Гуфтӣ: Ба сабр кор муяссар шавад, Убайд, Тадбир чист? Ҷони бародар, намешавад.