Зи кӯи ёр замоне карона натвон кард,
Зи кӯи ёр замоне карона натвон кард,
Ҷуз остонаи ӯ ошёна натвон кард.
Касе, ки Каъбаи дил дид, бегумон донад,
Ки саҷдагоҳ ҷуз он остона натвон кард.
Маро ба ишваи фардо ба интизор макуш,
Ки эътимод басе бар замона натвон кард.
Туро кӣ гуфт, ки бо куштагони роҳи ғамат
Ишорате ба сари тозиёна натвон кард.
Ба пеши зулфи ту бар хол бӯса хоҳам зад,
Зи тарси доми сияҳ тарки дона натвон кард.
Фасурда сӯфии моро кӣ мебарад пайғом,
Ки тарки шоҳиду чангу чағона натвон кард.
Маро ба маҷлиси воиз махону панд мадеҳ,
Фиреби ман ба фусуну фасона натвон кард!
Бихоҳ бодаву бо ёр азми саҳро кун,
Чу гул ба боғ равад, рӯ ба хона натвон кард.
Макун, Убайд, зи мастӣ карона фасли баҳор,
Ки айши хуш ба чаман бе чамона натвон кард.