Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мурдему ёр ҳеч риоят намекунад,

Мурдему ёр ҳеч риоят намекунад, Во ҳасрато, ки бахт иноят намекунад. Дар пеши чашми ӯ лаби ӯ мекушад маро, В-он шӯхчашм бин, ки ҳимоят намекунад. Чандон, ки арзи ҳол ба ӯ арза мекунам, Дар ӯ ба ҳеч навъ сироят намекунад. Пеши касе зи шукру шикоят чӣ дам занам, К-андешае зи шукру шикоят намекунад. Дар ҳаққи бандагон назари лутф гоҳ-гоҳ Ҳам мекунад, валек ба ғоят намекунад. То гуфтаам даҳони ту ҳеч аст, аз он замон Бо мо зи хашм ҳеч ҳикоят намекунад. Булбулсифат Убайд ба ҳар ҷо, ки мерасад, Ғайр аз ҳадиси ишқ ривоят намекунад.