Дӯш лаълат нафасе хотири мо х(в)аш мекард,
Дӯш лаълат нафасе хотири мо х(в)аш мекард,
Дида медид ҷамоли туву дил ғаш мекард.
Рӯйи зебои ту бо моҳ якояк мезад,
Сари гесӯйи ту бо бод кашокаш мекард.
Сунбули зулфи ту ҳар лаҳза парешон мешуд,
Хотири хастаи ушшоқ мушавваш мекард.
З-ӯ ҳар он ҳалқа, ки бар гӯшаи маҳ меафтод,
Дили мискини маро наъл ба оташ мекард.
Тир бар синаам он ғамзаи фаттон мезад,
Қасди хуни дилам он орази маҳваш мекард.
Аз хату холу буногӯшу лабу чашму рухат
Ҳар кӣ як бӯса тамаъ дошт, ғалат шаш мекард.
Пеши нақши рухи ту дидаи хунрези Убайд
Сафҳаи чеҳра ба хуноба мунаққаш мекард.