Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳаргиз касе ба хубӣ чун ёри мо набошад,

Ҳаргиз касе ба хубӣ чун ёри мо набошад, Маҳро назири рӯяш гуфтан раво набошад. Мӯе чунон хамида, чашме чунон кашида Дар Чин ба даст н-ояд в-андар Хито набошад. Бо ӯ ҳамеша моро ҷуз лоба дар нагирад, Бо мо ҳамеша ӯро ҷуз моҷаро набошад. Гар ҳоли ман напурсад, айбаш макун, ки ҳаргиз Савдои подшоҳӣ ҳадди гадо набошад. Мо куштагони ишқем ҳамчун Убайд, моро Ақле салим набвад, сабре баҷо набошад.