Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯш ашкам cap бa Ҷайҳун мекашид,

Дӯш ашкам cap бa Ҷайҳун мекашид, Дил бад-он зулфайни шабгун мекашид. Нотавон шахси заифам, ҳар замон Ашкрезон ноларо чун мекашид. Гоҳ ашкаш сӯйи саҳро медавонд, Гоҳ оҳаш сӯйи гардун мекашид. Ногаҳон хайли хаёлаш бар сарам Лашкар аз баҳри шабехун мекашид. Дид он чашми балобин дамбадам, То гиребон ҷома дар хун мекашид. Остин барзад хаёлаш то ба рӯз, Рахт аз он дарё ба ҳомун мекашид. Ғамзааш тире, ки мезад бар Убайд, Лаъли ӯ пайкон-ш берун мекашид.