Гарам инояти ӯ дар ба рӯй бикшояд,
Гарам инояти ӯ дар ба рӯй бикшояд,
Ҳазор давлатам аз ғайб рӯй бинмояд.
Назар ба гулшани рӯҳониён наяндозам,
Сарам ба пояи каррубиён фурӯ н-ояд.
Ва гар ба ҳоли парешони мо кунад назаре,
Зи рӯйи лутф бар аҳволи мо набахшояд.
Ба пеши хотирам аз коинот арза кунанд,
Зи кибр домани ҳиммат бад-он наёлояд.
Тавон дар оинаи он ҷамоли ҷон дидан,
Гараш ба сайқали тавфиқ занг биздояд.
В-арам зи пеш биронад ба ҷавр, ҳукм ӯрост,
Писанди дӯст бувад, ҳар чӣ дӯст фармояд.
Убайдро карамаш, то навозише накунад,
Дилаш зи ғам нараҳад, хотираш наёсояд.