Нақши рӯйи туам аз пеши назар менаравад,
Нақши рӯйи туам аз пеши назар менаравад,
Хотир аз кӯи туам ҷойи дигар менаравад.
То бидидам лаби ширини ту, дигар з–он рӯз
Бар забонам сухани шаҳду шакар менаравад.
Оразу зулфи дуто шефта карданд маро,
Ҳаргизам дил ба гулу сунбули тар менаравад.
Мастию ошиқӣ, ар айб бувад, гӯ мебош!
Дар ман ин айб кадим асту бадар менаравад.
Дӯстон, аз маю маъшуқ мадоредам боз,
Ки маро бе маю маъшуқ ба сар менаравад.
Ғaми ишқаш зи дили хастаи бечора Убайд
Гӯшае дорад, аз он ҷо ба сафар менаравад.