Typo кӣ гуфт, ки бо мо вафо нашояд кард?
Typo кӣ гуфт, ки бо мо вафо нашояд кард?
Дурӯғ гуфт, чӣ бошад, чаро нашояд кард?
Ғуломи лаъли лаби туст ҷони ширинам,
Чунин ҳикояти ширин куҷо нашояд кард?
Ба бӯса қасди лабат кардам, аз миён чашмат
Ба ғамза гуфт: нашояд, ҳало, нашояд кард.
Миёни мӯю миёни ту нукта борик аст,
Дар он миён сухан аз лаб раҳо нашояд кард.
Ҳазор сол танам rap зи ҷон ҷудо монад,
Ҳанӯз меҳри ту аз ҷон ҷудо нашояд кард.
Ҳадиси дарди дили мустаманду синаи реш
Ҳикоятест, ки дар солҳо нашояд кард.
Магар Убайд ба ҷон бо лабам музоиқа кард,
Ки ин ба мазҳаби асҳобуно нашояд кард.