Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2431

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1589

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1348

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1315

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1000

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 981

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 958

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 786

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 748

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 719

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 674

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 665

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 637

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 636

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 621

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 606

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 589

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 586

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 562

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 546

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 545

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 532

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худо гар парда бардорад

👁 527

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Шони муаллим

👁 526

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Тоҷикистон

👁 511

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бозор Собир
Бозор Собир

Ҳамаи шеърҳо

Худоё, дорам аз лутфи ту уммед,

👁 10

Худоё, дорам аз лутфи ту уммед, Ки мулки айши ман маъмур дорӣ. Бигардонӣ қазои зуҳд аз ман, Балои тавба аз ман дур дорӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам

👁 8

Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам Чу осмон ба баландиш нест ҳамтое, Ба нисбати ману бо астаре, ки ман дорам, Ба ростӣ, ки балоест ин, на болое.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ,

👁 11

Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ, Эй бе ту ҳаром зиндагонӣ, Эй роҳати ҷону қуввати дил, Эй мояи айшу комронӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро

👁 7

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро Хурдае аз ҳар каноре омадӣ. Дар висоқам нони хушку таррае Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат

👁 5

Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат Муроди дидаи борикбинон. Ғами ишқат ба ҳушёрию мастӣ Муроди дидаи хилватнишинон.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам

👁 6

Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам Доиман ҳамнишину ҳамдами қарз. Муддате гирди ҳар касе гаштам, Бу, ки орам ба даст марҳами қарз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз,

👁 9

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз?

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай?

👁 12

Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай? Ҷаҳон фонист, рав, тарки ҷаҳон гир! Чу мардон доман аз дунё бияфшон В–аз ин гирдоб худро бар карон гир!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард,

👁 9

Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард, Ақлу рӯҳ офариду мардум кард, Риштаи коинот дар ҳам баст, Пас сари ришта дар миён гум кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман

👁 7

Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман Ҳеч донӣ, ки саҳаргоҳ чаро механдад? Бо вуҷуди гиреҳи ғунчаву тангии дил ӯ Ҳикмате ҳаст, на аз боди ҳаво механдад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман

👁 7

Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман Зи банди ҳодисаи рӯзгор бикшояд. Хаёл буд маро, к-он ғараз, ки мақсуд аст, Ҳусули он ғараз аз шаҳрёр бикшояд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест,

👁 4

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест, Фаровон маро харҷу зар ҳеч нест. Ҷаҳон, гӯ, ҳама айшу ишрат бигир, Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеч нест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?

👁 7

Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ? В-араш тарс аз Худо будӣ, чӣ будӣ? Даме хоҳам, ки бо ӯ хуш бароям, Агар ӯро ризо будӣ, чӣ будӣ?

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ?

👁 6

Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ? Мӯй ба шона задӣ, зулф биёростӣ. Моҳ чу рӯйи ту дид, гуфт: Зиҳӣ некуӣ! Сарв, ки қадди ту дид, гуфт: Зиҳӣ ростӣ!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зулфат ба парешонӣ дил бурд ба пешонӣ,

👁 11

Зулфат ба парешонӣ дил бурд ба пешонӣ, Дил бурд ба пешонӣ зулфат ба парешонӣ. Гар зулф бияфшонӣ, сад ҷон-ш фурӯ резад, Сад ҷон-ш фурӯ резад, гар зулф бияфшонӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дорад ба сӯйи ёре мискин дилам ҳавое

👁 6

Дорад ба сӯйи ёре мискин дилам ҳавое З-ин шӯхи ҷонфиребе, з-ин шанги ҷонфазое. З-ин сарви хушхироме гул пеши ӯ ғуломе, Маҳ пеши ӯ асире, шаҳ пеши ӯ гадое.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зиҳӣ, лаъли лабат дурҷи лаолӣ,

👁 7

Зиҳӣ, лаъли лабат дурҷи лаолӣ, Маҳи рӯйи туро шаб дар ҳаволӣ. Чу чашмат гаштам аз беморшаклӣ, Чу зулфат гаштам аз ошуфтаҳолӣ…

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Афтода бозам дар сар ҳавое,

👁 6

Афтода бозам дар сар ҳавое, Дил боз дорад майле ба ҷое. Ӯ шаҳрёре, ман хоксоре, Ӯ подшоҳе, ман бенавое.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Хуш бувад, гар ту ёри мо бошӣ,

👁 5

Хуш бувад, гар ту ёри мо бошӣ, Мӯниси рӯзгори мо бошӣ. Рӯзаке ҳамнишини мо гардӣ, Шабаке дар канори мо бошӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Бад-ин сифат сару чашмею қадду болое

👁 4

Бад-ин сифат сару чашмею қадду болое Касе надиду нишон кас намедиҳад ҷое. Чунин шукуфа нахандад ба ҳеч бустоне, Чунин баҳор наёяд ба ҳеч саҳрое.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Муборак аст назар бар ту бомдоди пагоҳ,

👁 6

Муборак аст назар бар ту бомдоди пагоҳ, Чи некбахт касе, к-аш ба рӯйи туст нигоҳ… Ба зулфи пуршиканат риштаи умед дароз, Зи сарви нози қадат дасти орзу кӯтоҳ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Маро дилест раҳи офият раҳо карда,

👁 7

Маро дилест раҳи офият раҳо карда, Вуҷуди худ ҳадафи новаки бало карда. Зи даври чарх ситам дидаву ризо дода, Зи хӯи ёр ҷафо дидаву вафо карда.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Боз фиканд дар чаман булбули маст ғулғула,

👁 12

Боз фиканд дар чаман булбули маст ғулғула, Гашт зи ҷунбиши сабо духтари шох ҳомила. Атрфурӯши боғро лаҳза ба лаҳза мерасад Аз раҳи субҳ корвон, аз дари ғайб қоф

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй ошиқони рӯят бар меҳр дил ниҳода,

👁 8

Эй ошиқони рӯят бар меҳр дил ниҳода, Занҷириёни мӯят сарҳо ба бод дода. Ҷонро ба кӯи ҷонон чашми хушат кашида В-аз банди ғусса дилро абрӯйи ту кушода.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мангар ба ҳадиси ҳирқапӯшон

👁 7

Мангар ба ҳадиси ҳирқапӯшон Он сахтдилони сусткӯшон. Овехта субҳашон ба гардан Ҳамчун ҷарас аз дарозгӯшон.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Саҳифаи 93 аз 1002