Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро,
Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро, Он беҳ, ки равғане бичаконад димоғро. Бар рӯ мапеч силсилаи зулфи анбарин, Бар орази тазарв манеҳ парри зоғро.
Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро,
Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро, Қиблаи оламе кунӣ рӯи чу моҳи хешро. Чарх кулоҳи офтоб аз сари рашк бифканад, Гар ту ба чарх барзанӣ акси кулоҳи хеш
Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро,
Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро, Дуд бар оташ куҷо пӯшида дорад удро. Ноларо, гирам, ки барбандам раҳи берун шудан, Чун ба ҷойи худ нишонам ашки хунполудр
Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро,
Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро, Ба забон чӣ гуна орам ғами рӯзгори худро? Бизанам наво чу булбул, бикунам хурӯшу ғулғул, Чу ба коми худ надидам гулу ло
Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро,
Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро, Барге биёр булбули шӯридабахтро. Ошиқ касе бувад, ки чу Маҳмуди покбоз Хоки раҳи Аёз кунад тоҷу тахтро.
Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро,
Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро, Номаи Маҷнун бибар ба хаймаи Лайло. Гӯй ба Ширин фироқномаи Фарҳод, Гӯй зи Вомиқ салом хидмати Азро.
Варои ину он ёрест моро,
Варои ину он ёрест моро, Бурун з–он ину он корест моро. Буте дорам, ки пеши рангу рӯяш Гули сурхи чаман хорест моро.
Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро,
Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро, Хилофи аҳди ту кардан маро чӣ заҳраву ёро? Агар зи зулфи ту дастам расад ба ҳалқаи Каъба, Ба оби Замзами дида сафо ди
Нигоро, дилбаро, чобуксаворо,
Нигоро, дилбаро, чобуксаворо, Буто, кофирдило, бераҳм ёро. Макун дурӣ, макун аз мо ҷудоӣ, Ки ҳиҷронат парешон кард моро.
Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро,
Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро, Ки ҳукми оина шуд об дидаи моро. Ту сарви нози манӣ, сар чӣ макашӣ аз ноз, Гузар ба ҷониби оби равон тамошоро.
Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро,
Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро, Бигзор, то бибинам дар оина Худоро. Дар Каъбаи висолат гар бошадам мақоме, Аз Замзами ду дида обе занам Сафоро.
Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро,
Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро, Дар қибла худ о, то бипарастем Худоро. Чун ғунча касе ёфт ҳавои сари кӯят, К-андар дили тангаш набувад роҳ ҳаворо.
Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро,
Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро, Зулфи ту барошуфта мани бесарупоро. Он чашми сияҳдил, ки камон дорад аз абрӯ, Туркест, ки пайваста занад роҳи хаторо.
Эй орази ту оинаи сунъи илоҳӣ,
Эй орази ту оинаи сунъи илоҳӣ, Асрори ту чун ҳусни рухат номутаноҳӣ, Дар сояи зулфат шудам эмин зи табоҳӣ, Ҳар ҷо ки занад чеҳраи ту хаймаи шоҳӣ,
Дӯш мурғони чаман наъраи мастона заданд,
Дӯш мурғони чаман наъраи мастона заданд, Оташе дар дили шӯридаи девона заданд, Зоҳидон хаймаи ишрат суйи майхона заданд, Хез, к-аз боди сабо зулфи суман шона за
Тарҷеъбанд
Эй рухат офтоби кишвари дил, Тоби меҳрат маҳи мунаввари дил. Нақши рӯят маю суроҳӣ чашм, Сӯзи ишқи ту уди миҷмари дил.
Тарҷеъот
Эй рӯйи ту офтоби анвар, Зарроти ҷаҳон зи ту мунаввар. Рухсори ту рӯзу зулфи ту шаб, Рӯзеву шабе кӣ дида ҳамбар?
Дар муфохарату мубоҳот ва таъриф аз худ гӯяд
Офарин бар ман, ки ман аз офариниш бартарам, Тоири қудсам, фалак чун байза дар зери парам. Собиту сайёр дар минқори ман чун арзананд, Бози султонам, напиндорӣ,
Дар тафохур ва таъриф аз худ гӯяд
Мулки сухан марост, кӣ омад ба доварӣ, К-ӯро надод ҳиммати ман доди шоирӣ... Дорам басе ҷавоҳиру ҷавҳаршинос на, Хармуҳра мехаранд кунун мардум аз харӣ.
Дар тафохур ва таъриф аз худ гӯяд
Девонаам в-ин ақли кул тифли дабистони ман аст, Руҳулқудус бар лавҳи дил камтар санохони ман аст. То Муштарӣ шуд дилбарам, фориғ зи ҳавзи Кавсарам, Маҳро гиребо
Дар мадҳи қозӣ шайх Алӣ
Маро чу зулфи бутон хотири парешон аст, Тани чу мӯй бар оташ зи ғусса печон аст. Зи дур ҳар кӣ бибинад маро зи наздикон Гумон барад, ки хаёле ба шакли инсон аст
Дар мавъиза ва панд
Дарвешро, ки мулки қаноат мусаллам аст, Дарвеш ном дораду султони олам аст. Гар қурси гарми меҳр барорад танӯри чарх, Дар вақти чошт суфраи дарвешро кам аст.
Дар мадҳи шайх Шаҳобуддин
Эй зулфу орази ту бо ҳам чу рӯз дар шаб, Хуршедро зи рӯят гоҳе арақ, гаҳе таб. Бо рӯйи ту агар маҳ даъвӣ кунад ба хубӣ, Аз авҷи осмонаш даркаш ба чоҳи Нахшаб.
Дар мадҳи шайх Сафиуддини Ардабилӣ
Меравад қофилаи умр, рафиқо, башитоб, Рӯзи мавлуди Расул аст, Худоро, дарёб. Ҳомии миллату моҳии гуноҳи уммат, Хотами давлату хатми русул аз теғу китоб.
Дар мадҳи хоҷа Ҳасан қозии Димишқ
Гар бода нест, мехӯрам аз хуни дил шароб, В-ар нуқл нест, сохтаам аз ҷигар кабоб. Гар шоҳиде набошад, ғам нест, з-он ки ҳаст Маҳбуби ман китобату манзури ман ки

