Дар тафохур ва таъриф аз худ гӯяд
Мулки сухан марост, кӣ омад ба доварӣ,
К-ӯро надод ҳиммати ман доди шоирӣ...
Дорам басе ҷавоҳиру ҷавҳаршинос на,
Хармуҳра мехаранд кунун мардум аз харӣ.
Ман аз ҳунар тавонгараму аз дирам фақир,
Пӯшида ҷумлаи ҳунарам айби безарӣ.
Ё кӯр гашт муддаию рӯйи ман надид,
Ё ман магар падид наям аз муҳаққарӣ?
З-ин чанд дузди лафз маонӣ талаб макун,
Донӣ, ки нест пешаи қаллоб заргарӣ.
Монанди байзаанд, ки шуд ҷавҳараш табоҳ,
Мурғи камол нест дар эшон, чу бингарӣ.
Андар бисоти назм пиёда зи асби фазл
Фарзин раванд бо рухи зарди музаъфарӣ.
Исои вақти хешаму ин хартабиатон
Бонге зананд беҳуда чун гови Сомирӣ.
Ҳар дам ки атр соям дар ҳовани давот,
Мағзи замона атса занад аз муаттарӣ.
Ҳар сафҳае, ки ёфт зи тавҳиду наъти ман,
Як руқъа аз мураққаи худ сохт Муштарӣ.
Ҳар қитъаву қасида, ки аз ман шунид низ,
Бинвишт бар баёзи маҳ аз зарри ҷаъфарӣ.
Ҳар як ғазал, ки нолаи ман бар фалак расонд,
Зад бар рубоб Зуҳраву шуд моҳ муштарӣ.
Таҳсин кунанд табъи маро ҳар чаҳор табъ,
Ҳар гаҳ, ки ман кунам ба рубоӣ суханварӣ.
Ҳар маснавӣ, ки ғолия донист пур зи тиб,
Пуртиб мағзи хушки Зуҳал кард аз тарӣ.
Ҳар байти беқусур, ки ман кардаам бино,
Бо ӯ қусури хулд надорад баробарӣ.
Хуршедро, ки анварии чарх гуфтаанд,
Бо табъи равшанам назанад лоф Анварӣ.
Дар чашми ман наояд Маҳмуду мулки ӯ,
Дар унсурам нагунҷад тақлиди Унсурӣ.
Носир, инони асби фасоҳат кашида дор,
Иззат хуш аст, гарчи ту солори лашкарӣ.
Ҳар кас ба даври хеш бигуфтанд неку бад,
Ғайр аз Худо касе набувад аз хато барӣ.