Дар тафохур ва таъриф аз худ гӯяд
Девонаам в-ин ақли кул тифли дабистони ман аст,
Руҳулқудус бар лавҳи дил камтар санохони ман аст.
То Муштарӣ шуд дилбарам, фориғ зи ҳавзи Кавсарам,
Маҳро гиребон медарам, маҳ дар гиребони ман аст.
Ман чун халифазодаам, андар вилоят ҳокимам,
Чашми ду оламро назар бар лутфу эҳсони ман аст.
Эй осмон, бикшо камар, хуршед, тоҷ афкан зи сар,
Шуд мунтаҳӣ даври қамар, имрӯз даврони ман аст.
Гардун ҳазору бисту нуҳ дорад зи анҷум дидаҳо,
Гар сад ҳазор афзун шавад маҷмӯъи ҳайрони ман аст.
Гулзори сабзи нуҳ чаман ҳаст аз баҳори ман гуле,
Бустонсарои ҳаштдар як кунҷи айвони ман аст.
Ҳар моҳ мегардад қамар гаҳ чун камон, гаҳ чун сипар,
Гаҳ мешавад чун гӯйи зар, гоҳе чу чавгони ман аст.
Дар шаҳр банди ҳафт ту, роҳе надорам ҳеч сӯ,
Хоҳам ба саҳро кард кӯ, к-он ҷойи ҷавлони ман аст.
Дар маҷлиси ман осмон созад зи меҳвар бобзан,
Насрини саргардони ӯ ду мурғи бирёни ман аст.
Ҳаргиз нахоҳад шуд фалак сер аз ду қурси бенамак,
Бар устухоне ҳамчу саг хӯ карда аз хони ман аст.
Ҳам оташи дӯзах асар дорад зи сӯзи синаам,
Ҳам оби дарёро мадад аз чашми гирёни ман аст.
Боди вазонро ҷунбише дамҳои сардам медиҳад,
Хоки равонро обрӯй аз гарди домони ман аст.
То дил ба ҷонон додаам бе миннати ҷон зиндаам,
Аз тан гаронӣ бар сабук, эй ҷон, ки ӯ ҷони ман аст.
Чун булбулон шӯридаам, то дидам он рӯи чу гул,
Чун тӯтиён гӯё шудам, к-ӯ шаккаристони ман аст.
Дар силки назми ман тавон дурри маъонӣ ёфтан,
Дурҷи ҳақиқатро амин табъи сухандони ман аст.
Оҷиз шуданд аз дасти ман ҳам одамию ҳам парӣ,
К-ин боди рангини сухан тахти Сулаймони ман аст.
Ҳамчун хаёли соҳирон маҳв аст шеъри дигарон,
Ман Мӯсии Имрон шудам в-ин хома суъбони ман аст.
Носир чу аз қанду шакар хони сухан мегустарад,
Хайли малоик чун магас нохонда меҳмони ман аст.
Аз ман дар ин даъвӣ агар бурҳон ҳамехоҳад касе,
Гӯ, айни даъвии маро бингар, ки бурҳони ман аст.