Дар мадҳи қозӣ шайх Алӣ
Маро чу зулфи бутон хотири парешон аст,
Тани чу мӯй бар оташ зи ғусса печон аст.
Зи дур ҳар кӣ бибинад маро зи наздикон
Гумон барад, ки хаёле ба шакли инсон аст.
Мабин ба талхии айшам, ки ҳамчу баҳр маро
Зи ашк дар садафи сина дурру марҷон аст.
Чу кӯҳ санги сабурӣ ниҳодаам дар дил,
Ки лаъл бар камару гавҳарам ба домон аст.
Азизи Мисри фасоҳат чу Юсуфам, аммо
Шикоятам ҳама аз кайду макри ихвон аст.
Маро зи хори мижа тозатар гуле нашкуфт,
Магар ба толеъи ман хорҳо гулистон аст.
Сапедкории козиб ҷаҳон гирифт маро(?),
Чу субҳ аз он сабабам даст дар гиребон аст.
Магар ба ғайбати ман ғайбате расонд ҳасуд
Ба самъи олии садре, ки айни аъён аст.
Валии миллату дин, Шамсу муштаритолеъ,
Ки наъли маркаби ӯ тоҷи фарқи Кайвон аст.
Замин зи арсаи ҷоҳаш кеҳина саҳроест,
Фалак зи қасри ҷалолаш камина айвон аст.
Тане, ки ҳамчу қалам сар ба хатти ӯ наниҳод,
Ба ҳукм ӯро бар аҳли теғ фармон аст.
Фалак бибандад паймон ба даври давлати ӯ,
Ки ҳамчу дину диёнат дурустпаймон аст.
Ҳунарпаноҳо, қозӣ туӣ ба ҳукми қазо,
Шумули илми ту бар ошкору пинҳон аст.
Шунидаам, ки ба пеши ту муддаъӣ аз ман
Бигуфт, он чи на дини ман асту куфрон аст.
Бад-ин қазия надорад гувоҳу доъиро
Қасам шавад мутаваҷҷеҳ, чӣ бок, имон аст.
Бад-он Худой, ки дар мулки бениёзии ӯ
Заифмӯре дар қуввати Сулаймон аст.
Бад-он Расул, ки бар қадди истиқомати ӯ
Қабои хатми рисолат ба ҳукми Қуръон аст.
Ба Ҷабраилу китобу ба анбиёву русул,
Ба офтоби ҳидоят, ки нури имон аст.
Ба ҳукми муҳками тақдиру иқтизои қазо,
Ки ҳалли уқди ҷаҳонро асосу бунён аст.