Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мавъиза ва панд

Дарвешро, ки мулки қаноат мусаллам аст, Дарвеш ном дораду султони олам аст. Гар қурси гарми меҳр барорад танӯри чарх, Дар вақти чошт суфраи дарвешро кам аст. Дарҳам шавад зи баҳри дирам ҳоли одамӣ, Оре, тамоми сурати дарҳам чу дирҳам аст. Хуш вақти он гадой, ки дар пеши ҳимматаш Тарки кулоҳи фақр беҳ аз афсари Ҷам аст. Озодавор домани ҳиммат фурӯ фишон З-ин хокдон, ки шодии ӯ бандаи ғам аст. Гар одамӣ шукуфта набошад чу гул, равост Дар бӯстони даҳр, ки зиндони одам аст. Онро, ки дил ба охури охирзамон ниҳод, Камтар зи хар шумораш, агар Рахши Рустам аст. Фирӯзаи фалак, ки ба гавҳар нишондаанд, Бар вай нишони ҳодиса чун нақши хотам аст. Дар давр агар ба ҷоми муроде расӣ, манӯш, К-он коси шарбатест, ки олудаи сам аст. Рӯзе туро ба заҳри ҳаводис кунад ҳалок, Гардуни ҳалқакарда, ки чун мори арқам аст. З-ин ҳуққаи мудаввари куҳлии осмон Дору талаб макун, ки дар ӯ дард марҳам аст. Маъдум шуд вафову мурувват вафот ёфт В-ин ҷомаи кабуди фалак баҳри мотам аст. Нодон чу вови Амр бурун аст аз ҳисоб, Аҳли хирад ниҳон шуда чун ҳарфи мудғам аст. Хам дар хам аст кори ҷаҳон ҳамчу зулфи ёр, Сад гуна пойбанди ту дар зери ҳар хам аст. Бар бод рафт умру ту аз хеш ғофилӣ, Як дам ба худ биё, ки ҳама умр як дам аст. Фурсат агар дамест, ғанимат шумор умр, Ҳамдам маҷӯ, ки ҳамдами ту бо ту ҳам дам аст. Тадбири зод кун, ки бақо дар раҳи фаност, Тарки амал бигӯ, ки азимат мусаммам аст. Тадбири ақлу қуввати мардию мардумӣ Ин ҷумла ҳасту панҷаи тақдир муҳкам аст. Носир, мақоми аҷз бувад роҳи бандагӣ, Як роҳвор дар роҳи ӯ пури Адҳам аст.