Дар мадҳи шайх Шаҳобуддин
Эй зулфу орази ту бо ҳам чу рӯз дар шаб,
Хуршедро зи рӯят гоҳе арақ, гаҳе таб.
Бо рӯйи ту агар маҳ даъвӣ кунад ба хубӣ,
Аз авҷи осмонаш даркаш ба чоҳи Нахшаб.
Чашмат ба тоқи абрӯ пайваста тир дар қавс.
Рух дар шиканҷи зулфат бигрифта маҳ ба ақраб.
Сарви баланди қаддат дорад биҳи занахдон,
Шамшоди қомати ту орад турунҷи ғабғаб.
Гуфтам биозмоям дар ваъдаи висолаш,
Лаълаш ба ханда гуфто:«Ман ҷаррабал-муҷарраб».
Як нуқта холи мушкин бар сафҳаи узорат
Гӯё ки мунхасиф шуд бар офтоб кавкаб.
Чун шамъ аз забонам оташ занад забона,
Ҳар гаҳ ки бар забонам ояд сухан аз он лаб.
Хатти ту ҳамчу тӯтӣ дорад шакар ба минқор,
Зулфи ту ҳамчу товус гирад суман ба михлаб.
Хатте ба хуни ҷонам овардаӣ ба шӯхӣ,
Ё Раб, хати ғуборат ҳаргиз мабод муъраб.
Хунам марез, к-аз ту рӯзе дият ситонад,
Шоҳаншаҳи вилоят, султони дину мазҳаб.
Шайх-уш-шуюхи миллат, он хоҷаи муаззам,
К-аз аҳли дину дониш ӯ аҳсаб асту ансаб.
Волошаҳоби миллат, к-аз баҳри раҷми девон
Ислоҳи мамлакатро омад бар ин мулаққаб.
Дар ҳазрати илоҳӣ, дар боргоҳи шоҳӣ
Ҳамчун фалак муалло, ҳамчун малак муқарраб.
Эй аз насими хулқат ҷайби сабо муаттар,
В-эй аз риёзи лутфат ҷирми ҳаво мутайяб.
Сӯфии шаҳр агарчи айёри субҳхез аст,
Аз нури хотири ӯ софӣ шуду муҳаззаб.
Ҳарчанд пири гардун раққосу хирқапӯш аст,
Аз вай гирифт рӯят лавҳе чу тифли мактаб.
Чун офтоби гардун бар хинги чарх биншин,
То ҳар маҳ аз ҳилолат созанд наъли маркаб.
Гар раҳгузар саборо бар мавкиби ту бошад,
Анбар кашад ба домон аз гарду наъли ашҳаб.
Гашт аз сахои зотӣ доим ятимпарвар,
Дарёи хушклабро то дасти туст машраб.