Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи шайх Сафиуддини Ардабилӣ

Меравад қофилаи умр, рафиқо, башитоб, Рӯзи мавлуди Расул аст, Худоро, дарёб. Ҳомии миллату моҳии гуноҳи уммат, Хотами давлату хатми русул аз теғу китоб. Молики мулки қидам, шаҳнаи девони азал, Ҳокими ҳукми абад, муҳтасиби рӯзи ҳисоб. Он Муҳаммад, ки шавад оқибат аз вай маҳмуд, Гар зи хоки дари ӯ сар накашем аз ҳама боб. Ҳама ҷо мидҳати ӯ гуфта Худо дар Қуръон, Номи ӯ ҷомеи мадҳ аст, чӣ ҷойи алқоб? Вақти он аст, ки як бори дигар шамси зуҳо Дар шаби қадр кушояд чу маҳи бадр ниқоб. Аламу манҷуқи ислом барафрохтаанд, Мекунад шоҳиди осори набӣ рафъи ҳиҷоб. Осмон шояд агар шамъ фурӯзад аз меҳр, З-он ки бо партави ин нур надорад маҳ тоб. Қадри имрӯз ба ҳар ҷой гиромӣ бошад, Хоса дар боргаҳи ҳазрати Қутб-ул-ақтоб. Шайх-ул-ислом Сафиуддин, к-аз баҳри сафо Сӯфиёнро бидиҳад сафвати ӯ дурри хушоб. Муршиди мутлақ, к-аз партави лавҳ-ул-маҳфуз Нашр кардаст дар офоқ улуму одоб. Сарви бустони вилоят, ки зи тиби хулқаш Медиҳад обу гили марқади ӯ бӯйи гулоб. Бар дари зовияи ӯст завоёи сипеҳр, Хору саргашта чу гарде, ки бувад гирди ҳубоб. Дар ҳазира-ст зи қандили ҳузураш шамъе, Ки аз ӯ нур ба парвона ситонад маҳтоб. Ҳофизон чун бикушоянд дари дурҷи замон, Чархи симобӣ дар ларза фитад чун симоб. Зокирон ҳамчу зар аз оташи дил бигдозанд, Гардану гӯши ҷаҳон пур шавад аз гавҳари ноб. Саффаи дори ҳадисаш сифати ҳашт биҳишт, Шарфаи қуббаи қабраш шарафи ҳафт қибоб. Хок аз турбати ӯ фахр кунад бар гардун, Тани ӯ дар дили хок аст, хушо, ҷони туроб! Халафи ҳазрати ӯ хоҷаи ҳафт иқлим аст, Он ки сарҳадди ҷаҳонрост ҳаримаш меҳроб.