Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи хоҷа Ҳасан қозии Димишқ

Гар бода нест, мехӯрам аз хуни дил шароб, В-ар нуқл нест, сохтаам аз ҷигар кабоб. Гар шоҳиде набошад, ғам нест, з-он ки ҳаст Маҳбуби ман китобату манзури ман китоб. Гар молу милк нест, забони чу теғ ҳаст, Бар сарварони даҳр шуда молик-ур-риқоб. Гар аз наиму нози ҷаҳон нестам насиб, Ҳастам ба чанд гуна ҳунар молики нисоб. Бардӯхт чашми пири фалак нӯки хомаам, Гӯйӣ, ки ҳаст хомаи ман найзаи шиҳоб. Аз саҳми таъни найзаи хатти килки ман Ҳар шом офтоб ниҳад теғ дар қироб. Шояд агар балои ман ояд, хавоси ман, Оре, ҳамеша офати сар шуд пари уқоб. Бозори фазл дидаву безор гаштаам, З-он соате, ки ман ба ҳунар кардам интисоб. Чун фазл шуд фузулу ҳунар айб, лоҷарам, Қадре намонд фазлу ҳунарро ба ҳеч боб. Ман шарқ то ба ғарб ҷаҳон озмудаам, Аз фазл нест ҳеч ҳунарманд комёб. Фоиз шавад зи оташи ман об маърифат, То гул насӯхт, аз гуле пайдо нашуд гулоб. Динор шуд ҳиҷоби раҳи мо, агар на ёр Дидор менамоядам ҳар лаҳза беҳиҷоб. Кӯтоҳ бод дасти ман аз доманаш чу уд, Гар з-он ки нест киссаи ман косаи рубоб. Дилбар харобаи дили мо ихтиёр кард, З-он рӯ, ки ҷойи ганҷ набошад ба ҷуз хароб. Имрӯз нест дар ҳама олам диле, ки нест Аз бахт дар шикояту бо чарх дар итоб. Гӯйӣ, ки дод модари гетӣ ба бахти ман Бар ҷойи шир шарбату хашхош баҳри об. Дар толеъам саодати куллӣ асар кунад Аз садри муштариназари осмонҷаноб. Фахри имом Хоҷа Ҳасан, он ки чун Ҳусайн Роҳи хато нарафт зи андешаи савоб. Пушту паноҳи шаръ, к-аз ӯ маснади қазо Дид он саодате, ки набинад фалак ба хоб.