Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи хоҷа Убайдуллоҳвазир ва соҳибдевон

Зи офтоби рухи туст бар дили маҳ тоб, Зи тоби оташи рӯят маро чу зулф матоб. Дилам ба тоқи хами абруи ту қандил аст, Зи сӯзи шавқ фурӯзон чу шамъ дар меҳроб. Як имшабе, ки зи зулфу лаби ту ёфтаам Мае чу чашми хурӯсу шабе чу парри ғуроб. Бинӯш бода, ки дар даври чашми сармастат Зи баҳри нуқл дар оташ маро дилест кабоб. Нишаст дар таки хум бода ҳамчу Афлотун, Бисоз оинае чун Сикандар аз майи ноб. Бибаст боби саодат ба рӯи ман гардун, Магар даре бикушояд, муфаттиҳ-ул-абвоб. Зуҳалмаҳалли Уторудназар Убайдуллоҳ, Ки Исми Аъзами ӯ дод зинати алқоб. Худойгони вазирон, муҳандиси аъзам, Ки забти мулк диҳад бе хато ба фикри савоб. Вазири машриқу мағриб, ки равшанони фалак Ба ройи равшани ӯ абдаҳу кунанд хитоб. Мадори теғу қалам хоҷае, ки девонро Зи ройи ӯ ба ҳама рӯй равшан аст ҳисоб. Зи фарти ҷуду саховат саволи соилро Сарири хомаи ӯ медиҳад ба лутф ҷавоб. Зиҳӣ, расида ба ҷое, ки чархи симобӣ Зи ҳайбати ту дарояд ба ларза чун симоб. Касе надид ба даври ту гиря ҷуз аз ҷом, Касе накард ба аҳди ту нола ғайри рубоб. Ҳумои адли ту то боз соягустар шуд, Ба дасти тиҳею дармонда аз иқоби иқоб. Чунон зи адли ту маъмур шуд харобаи даҳр, Ки дар замона ба ҷуз буму ҷуғд нест хароб. Ба ғайри наргиси масти бутон, ки дар хоб аст, Надида дидаи мардум хаёли фитна ба хоб. Ба ҳар куҷо фитад аз шамъи ройи ту партав, Аз ӯ фурӯғ ба парвона мебарад маҳтоб. Бузургқадро, ба шеъри банда хурда магир, Агарчи назми диловези туст дурри хушоб. Ба хӯшачинии арбоби давлат омадаам, Басе гадой ба хирман расид аз арбоб.