Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи Ҷалолиддин Ҳушанг

Қади ту дод ба бод обрӯйи Тубиро, Биҳишт ҳур зи ғайрат биҳишти аълиро. Маро зи дидаи маънӣ назар ба сурати туст, Ки сурати ту намояд камоли маъниро. Ба суратат нигарад, бутпараст, ар Монист, Равон бар об занад нақшҳои Мониро. Хилофи зоҳиди мастур чашми сармастат Хароб кард бинои салоҳу тақвиро. Агар ба чашми ту зад лоф наргис аз мастӣ, Мубассирон нагирифтанд хурда аъмиро. Хаёли зулфи ту занҷири ақли Маҷнун аст, Гузашт умру надидам ба хоб Лайлиро. Шаби висоли ту он беҳ, ки шамъ биншинад, «Ба моҳтоб чӣ ҳоҷат шаби таҷаллиро». Маро қазияи ишқ асту шоҳиду манзур Расондаем ба шоҳидӣ субути даъвиро. Надошт Носир дунёву қасди дин кардӣ, Макун, ки муфтахарам фахри дину дуниро. Ҷалоли давлату дин, хусрави замон Ҳушанг, Ки аз адолати ӯ касрҳост Кисроро. Агар чу меҳр кашад теғи кина бар офоқ, Чу субҳ сар бибурад золимони зулмиро. Замин ба суддаи ӯ мебарад тақаррубро, Фалак ба толеъи ӯ мекунад таваллоро. Ба ҳоли инсон гар лутфи ӯ аз ин сон аст, Диҳад ба олами суғро ҷаҳони куброро. Зиҳӣ карим, ки пеш аз савол соилро Чу оби лутфи ту хонад ҷавоби ореро. Насими хулқи ту юҳиал-ъизому ҳия рамим, Шикаст номи ту номуси маъну яҳиро. Зулоли ҷуръаи ҷомат ба хосият бахшад Мизоҷи чашмаи ҳайвон луоби афъиро. Наволҳои наволат зи хони гардун беҳ, Ба сабзае натавон дод манну салвиро. Баъид нест, ки ояд ба ид иқболат Ҳамал ба ханҷари Баҳром баҳри Азҳиро. Яҷузро кӣ тавонад зи ло яҷуз шинохт, Агар ту хат надиҳӣ аз ҷавоз фатвиро?!