Дар мадҳи яке аз бузургон
Сабо орост аз гул бӯстонро,
Салои айш дардеҳ дӯстонро.
Зи савти мурғ бишнав арғанунро,
Зи ҷоми лола даркаш арғавонро.
Маи чун гул ситон аз дасти соқӣ,
Ки рангу бӯй бахшад гулситонро.
Ба соғар дар чаман шуд гул, ки хубон
Чунин карданд кишти бӯстонро.
Сари шоҳист наргисро зи кай боз,
Ки бар сар мениҳад тоҷи каёнро.
Маро ҳайрат ҳама аз дасти бед аст,
Ки чун бедаст бардорад синонро.
Ҷаҳад ҳар дам сабо аз суҳбати гул,
Вафое нест чандоне ҷаҳонро.
Шамар сокин шуду софӣ, ки аз сайр
Ғуборе бар дил аст оби равонро.
Ба хосийят биҳишт урдибиҳишт аст,
Ки дар пирӣ ҷавон созад ҷаҳонро.
Дили ғунча фараҳ аз заъфарон ёфт,
Ки гул аз ханда бикшояд даҳонро.
Зи пирон дар ҷавонӣ чун сабақ бурд,
Ҳамин бошад нишон бахти ҷавонро.
Зудояд сайқали ройи мунираш
Зи миръоти яқин занги гумонро.
Зуҳалро гар маҳал бахшад ба Баҳром,
Қарини саъд гардонад қиронро.
Чунон дасти заифонро қавӣ кард,
Ки мӯре бишканад шери жаёнро.
Зиҳӣ, дар даври инсофи ту гардун
Ба оташ сӯхта тиру камонро.
Саҳоби дасти файёзи ту дорад
Сахое к-он набошад баҳру конро.
Ҳасудатро чу сар бар тан гарон аст,
Сабук бардор аз ӯ бори гаронро.
Зиёни Носир аз дасти забон аст,
Аз он рӯ гӯш медорад забонро.
На ҳар соат ба ҳар кас метавон гуфт
Ҳадиси заъфи ҳоли нотавонро.