Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи мавлоно Қозӣ Шамсуддин

Субҳдам муждаи васли ту ҳамедод сабо, Олими пир ҳамеёфт аз ӯ аҳди сибо. Ҳудҳуди ҳодии сарномаи Билқис овард Мантиқ-ут-тайр ба наздики Сулаймон зи Сабо. Рӯй бинмо назарею назаре бо мо кун, Ки маро чеҳраи зард аст зар аз рӯи шумо. Рост чун сарв нишин хуш ба канори чашмам, Ростӣ, хуш набувад сарви равон худ бе мо. Чӣ аҷаб, нақши даҳони ту агар пайдо нест, Зарра дар партави хуршед бувад нопайдо. Кӯйи ту каъбаи ҷон асту ман аз хуни ҷигар Мехӯрам об зи сарчашмаи Замзам ба Сафо. Аз хато нофа ба чини сари зулфат дам зад, Мӯйҳо хост бар андомаш аз ин фикри хато. Куфрро қисса ҳам аз зулфи ту гаштаст дароз, Фитнаро кор ҳам аз қадди ту гирад боло. Аз ҷафои ту бар онам, ки ҳимоят талабам Дар паноҳи караму тарбияти Мавлоно. Садр бар ҷайши маҳал қутби ҳудо Шамсуддин, Он ки Нуъмони ҷаҳон аст зи ҷамъи уламо. Он ки бо ғайрати ӯ тоб надорад оташ В-он, ки бо гавҳари ӯ об надорад дарё. Олими илму ҷаҳони амалу ҷудии ҷуд, Алами ҳилму муҳити караму кони сахо. Моҳро руъяти ӯ даршиканад тарфи кулоҳ, Чархро рифъати ӯ чок занад банди қабо. Дӯш дар дафтари мадҳаш назаре мекардам, То барам пешкаши ӯ бо тариқи шуаро. Мунҳии ғайб хабар дод, ки дар соати саъд Ахтаре кард улув аз уфуқи иззу уло. Ғунчаҳо дар чамани давлати ӯ нав бишукуфт, Бахт гуфт: анбатааллоҳу наботан ҳасано. Ҳар кӣ афъоли писандидаи ту дид чу, гуфт: Одам аст ин, ки расидаст ба илми асмо. Пеши сити ту бувад шуҳрати бадхоҳ чунон, Ки бисозад магас аз нағма навои анқо. Қозии чарх ба ҷон муштарии қадри ту шуд, Нашудӣ тобеъу худ несташ ин қадру баҳо.