Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар мадҳи Ҷалолиддин Ҳушангшоҳ

Ҳаме диҳанд башорат мубашширони сабо, Ки шуд мизоҷи ҷаҳон хуш зи эътидоли ҳаво. Ба шакли сурати ойина менамояд рӯй Ҳар он латифа, ки мастур буд дар дили мо. Магар, ки боди саборо хавоси Исо буд, Ки дам ба дам кунад амвоти хокро эҳё. Дили сипеҳр чу аз меҳр гарм шуд бар ман, Бирафт аз сари мо ранҷу меҳнати сармо. Барои маҷлиси дурдикашон зи ҷоми ҳаёт Бар об шишагарӣ мекунад насими сабо. Бирафт он ки чаманро навову барг набуд, Кунун зи булбулу гул мерасад ба баргу наво. Бунафша аз хати хубон чу шаммае бархонд, Сипеҳраш аз сари ғайрат забон кашад ба қафо. Дар об акси рухи дилбарони раъно дид, Ки сурху зард баромад ба боғ гул зи ҳаё. Аз он чу барг ба ҳар бод бед меларзад, Ки ҳамчу қадди бутон кори сарв шуд боло. Муқим дар дили ғунчаст сурати шоҳид, Мудом дар сари лоласт соғари саҳбо. Баробаранд чу мизон ду каффаи шабу рӯз, Ки бо Ҳамал шуда хуршедро сару савдо. Ба далви раҳгузараш аз барои он афтод, Ки дар фалак масали Юсуфест хублиқо. Баромад аз лаби дарё чу Юнус аз моҳӣ, Калимвор намуд аз Ҳамал яди байзо. Чунон ба бурҷи Ҳамал шуд биайниҳ хуршед, Ки сӯйи байти шарафи офтоб абри ато. Худойгони салотин Ҷалолуддини Ҳушанг, Ки ҳаст кисвати шоҳӣ ба қадди ӯ зебо. Маҳи сипеҳрҷалолат, ки чарх бо ҳама қадр Зи исми аъзами ӯ сохт ҳар зи ҳафт аъзо. Ба қасри қайсар ташбеҳ дори ӯ накунам, Ки қасри қайсар набвад чу дори ӯ доро. Ба маҷлисе, ки нишинад чу офтоб дар авҷ, Зи бандагони камарбастааш бувад Ҷавзо. Чи хуни дида, ки аз дасти ӯ надорад кон, Чи шӯр, к-аз кафи ӯ нест дар дили дарё.