Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар наъти Набии акрам (с) фармояд

Эй зи таъйиди азал нақди амонатро амин, Маҳрами асрори Қуръон, ҳамдами Рӯҳуламин. Содиқи аъзам Муҳаммад, соҳиби теғу китоб, Сарвари аҳли ҳудо, сархайли асҳоб-ул-ямин. Аҳмади мурсал, Абулқосим, ки Ризвон дар биҳишт Мекунад аз хоки пояш тӯтиёи ҳуриъин. Чашмаи хуршед аз он шуд чашми пурнури фалак, К-ӯ ниҳад ҳар субҳ бар хоки ҷаноби Ту ҷабин. Ахтарон дар пойи Ту чун донаи гавҳарнисор, Осмон дар дасти Ту чун ҳалқаи ангуштарин. То шуда доруш-шифои дардмандон дини Ту, Дода кӯрони гумонро сурмаи айн-ул-яқин. Моҳи навро карда гардун аз барои Ту рикоб, Бар Буроқи барқсайр он шаб, ки барбастӣ Ту зин. Чун магас аз сӯхтан тарсиду н-омад Ҷабраил, Ту чу парвона ба шамъи васл гаштӣ ҳамнишин. Дар баёни шаръи Яздон бо саҳоба гуфта роз, Дар мақоми «лимаъаллаҳ» бо Худо буда қарин. Гоҳ теғи золимон аз гавҳари Ту бурда об, Гаҳ шикаста санги бадхоҳон Туро дурри самин. Мурғи ҷони бедилон ғавғо кунад ҳамчун зубоб, Дар сухан чун аз лаби ширин фишонӣ ангубин. Омад аз «Ва-ш-шамс» мақсуди Илоҳӣ номи Ту, Эй Худо, хонда ба рӯйи оламороят ямин. Мушк аз оҳу бувад, бо бӯят ар лофе занад, Чин Туро дар мушку оҳу мушк месозад ба Чин. Ҷавҳари ҷисми Ту чун пинҳон шуд андар дурҷи хок, Дар талаб саргашта мегардад фалак гирди замин. Ё Ҳабибуллаҳ, зи хоби мағфират бардор сар, Наргиси раъно гушою ҳоли муштоқон бубин. Интизори ошиқон дар ҳаҷри Ту бисёр шуд, Хез аз хоки лаҳад чун арғавону ёсамин. Доди мазлумони уммат деҳ, ки дур аз рӯи Ту Зулми бединон харобӣ кард дар бунёди дин. Бар сари хоки Ту то дил бастаам қандилвор, Шуълаи меҳри Ту дорам дар даруни оташин. Ҷуз гадои остонат нест Носир, з-он ки ҳаст Остонатро калиди давлат андар остин.