Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар наъти Саййиди мурсалин (с)

Маро чу баҳр лаби хушку дида тар бошад, Чу кӯҳ бар сари теғи забон гуҳар бошад. Маро сиёҳии дида сапед бод чу сим, Агар ба ғайри рухи зард ваҷҳи зар бошад. Гумон мабар, ки агар тири нола бикшоям, Синони оҳи маро осмон сипар бошад. Дило, фараҳ натавон ёфт, хоса дар давре, Ки шарбати ту зи хунобаи ҷигар бошад. Мапӯш диръи ҷафову макаш синони ситам, Ки тири нолаи мазлум коргар бошад. Агар ҷиҳод ту бо нафси худ тавонӣ кард, Умед ҳаст, ки бар душманат зафар бошад. Ва гар ту мункири аҳли ҳаво тавонӣ шуд, Яқин шинос, ки ин кор муътабар бошад. Мабош ғарра ба симои хеш чун товус, Ки беҳтар аз ту дар ин мулк ҷонвар бошад. Зи сайри ҷӯйи сафо гар латофате дорӣ, Ки обро дили шӯрида аз ҳазар бошад. Рухи мунаввари хуршед матлаъи анвор Аз он бувад, ки шабу рӯз дар сафар бошад. Касе, ки ганҷи қаноат ба кунҷи узлат ёфт, Зи ихтилоти бадон нек боҳазар бошад. Ризо ба қисми Худо додаам, бад-он шокир, Ки хушкноне ҳосил зи килки тар бошад. Чу ҳалқа ҳар кӣ бувад рӯйсахт бар дарҳо, Бар остони хасон ҳамчу хоки дар бошад. Тамаъ ба кас накунам, аз гадоиям ор аст, Суол кори гадоёни беҳунар бошад. Санои ҳар касу нокас зи баҳри зар накунам, Ки ваҷҳи қути ман аз дасти ранҷбар бошад. Ба ғайри мадҳи набию валӣ нахоҳам гуфт, Чу ройи тӯтии ширинсухан шакар бошад. Назар кунанд зи ман вом ахтарони фалак, Ки офтоби ҳудоро ба ман назар бошад. Паноҳу пушти рисолат, Расул, Бор Худой, Ки халқро ба раҳи рост роҳбар бошад. Шафеи рӯзи қиёмат, Муҳаммади мурсал, Ки маҳбити малаку мақсади башар бошад.