Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар тавҳиди Борӣ таъоло, азза исмуҳу

Эй номи Ту тоҷи сари ҳар нома, ки хонанд, Номи Ту бихонанду нишони Ту надонанд. Гар тири назарро бинишонам ба нишона, Бо каҷназарон рост наояд, ки камонанд. Васфи Ту ҳамон аст, ки гуфтанду шунидем, В-ин гуфту шунидаст, ки бисёр дар он онанд. Дар васфи камоли Ту чу диръанд ҳама гӯш, Сар то қадам онҳо, ки чу шамшер забонанд. В-ин ростравоне, ки чу тиранд зи кешат, Пур карда лаболаб ба зеҳ аз шукр даҳонанд. Ҷон сӯхтаи тоби таҷаллии ҷалолат, Бинмой ҷамолат, ки ҷаҳоне нигаронанд. Бинмой рухат, то ки бубинанд ба таҳқиқ Ҷамъе, ки паси пардаи пиндору гумонанд. Аз илм ба маълум расиданд касоне, К-аз партави дидори Ту дар айни аёнанд. Донанд яқин роҳи «Ҳусайнӣ»-ю «Ҳиҷоз»-е, К-аз аҳли Ироқанду зи шаҳри Ҳамадонанд. Олам ба Ту зинда-ст, на ҷисмию на ҷонӣ, Эй ҷони ҷаҳон, зинда ба Ту ҷону ҷаҳонанд. Ашё, ки сифатҳои Туро мазҳари нуранд, Дар пардаи анвори Ту пайдову ниҳонанд. Аз обу ҳаво ҷурми замин чун кафи дарё, В-ин ҳафт фалак бар сари оташ чу духонанд. Саҳрост магар чарх зи Бузғолаю Барра, Ё баҳр, ки дар вай ҳама Ҳуту Саратонанд? Автоди ҷиболанд, камар баста ба хидмат, В-аз теғ биандӯхта зар дар дили конанд. Ганҷури сипеҳранд яке баҳру дувум кон, К-он ҳар ду дар ин растаи бозор дуконанд. Ҷони мани танҳо чӣ матоест, ки ҳар дам Сад қофилаи ҷон ба ҷаноби Ту равонанд. Онон, ки бахиланд ба ҷон дар раҳи ҷонон, Гар ҷони азизанд, сабуксору гаронанд. Имрӯз ҳама золу залиланд далелон, Доланд, вале наҳс чу доли Дабаронанд. Носир, чу маонии баёни ту бадеъ аст, Ашъори ту мифтоҳи маонию баёнанд.