Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар муфохарату мубоҳот ва таъриф аз худ гӯяд

Офарин бар ман, ки ман аз офариниш бартарам, Тоири қудсам, фалак чун байза дар зери парам. Собиту сайёр дар минқори ман чун арзананд, Бози султонам, напиндорӣ, ки арзан мех(в)арам. Донаи гандум, к-аз ӯ Одам бурун шуд аз биҳишт, Донаи гавҳар шавад, ҳаққо, ки бар вай нангарам. Чун магас хони лаимонро нахоҳам шуд туфайл, Чун суроҳӣ пеши ҳар коса фурӯ н-ояд сарам. Кас намедонад чӣ мурғам, ошёни ман куҷост, Гаҳ ба пастӣ менишинам, гаҳ ба боло мепарам. Ваҳм сайёҳ асту пай гум мекунад дар роҳи ман, Ақл сарроф асту ҳайрон мешавад дар ҷавҳарам. Софиям чун ойина, борикбинам чун хирад, Рух ба ҳар сурат намоям, раҳ ба ҳар маънӣ барам. Рози пинҳонам намедонад ба ҷуз донои роз, Сурати ҳолам намебинад, магар суратгарам. Шаҳсавори мулки фақрам в-аз забон шамшери ман, Подшоҳи вақти хешам в-аз маъонӣ лашкарам. Зар, ки аз хок аст, бодо хоки хорӣ бар сараш, Ман ба рӯи зарди худ мустағнӣ аз ваҷҳи зарам. Нафсу табъу чарху анҷум пардаи рӯйи мананд, Сурхрӯ гардам чу гул, гар пардаҳоро бардарам. Офтоби осмон раққос гардад зарравор Дар ҳавои ман, агар бинад даруни анварам. Аз дами ман дар машоми ҷон расад бӯйи абир, К-оташи меҳри азал пур шуд даруни миҷмарам. Ҳамчу ғаввосон агар ғӯте занам дар баҳри ғайб, Тоҷи сарҳо гардад он гавҳар, ки берун оварам. Соҳиби девони аъзам чун манам дар мулки шоҳ, Ҳосили кавнайнро маҳсул гардад дафтарам. То ба хидмат бастаам сад ҷо миён чун найшакар, Тӯтии ҷонро ғизо шуд лафзи ҳамчун шаккарам. Баски парвардам гуҳарҳои сухан дар баҳри шеър, Пургуҳар шуд гӯши даҳр аз табъи маънипарварам. Қуввати ақлу қабули ишқ бар ҳолам гувост, Ғам надорам, гарчи мункир мешавад ҳар мункарам. Муддаӣ, к-аз партави хуршеди ман шуд кӯрмуш, Гар ҷаҳон равшан шавад аз ман, надорад боварам.