Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Тарҷеъот

Эй рӯйи ту офтоби анвар, Зарроти ҷаҳон зи ту мунаввар. Рухсори ту рӯзу зулфи ту шаб, Рӯзеву шабе кӣ дида ҳамбар? Чашму даҳани ту қанду бодом, Рӯю лаби ту гул асту шаккар. Ҳусни ту фишонд донаи хол В-аз зулф ниҳод доми анбар. Мурғи дили Одами сафиро Дар дом кашид чун кабӯтар. В-он гаҳ ба рисолаташ фиристод Дар олами хок нома бар сар. Мазмуни китобу васфи унвон Ин сирри мусаттари мушаҳҳар: Май ойинаи ҷамоли соқист, Дар ҷоми Ҷами ҷалол боқист. Бингар зи сафои бода дар ҷом, Аз аввали кор то ба анҷом. Мехост, ки рӯи хеш бинад, Маъшуқи суманбари гуландом. Аз акси ҷамоли хеш мехост Аз зилли ҷалоли хештан ҷом. В-он гаҳ ба камоли худ назар кард Дар ойинаи мудом модом. Дар ойина рӯйи хештан дид, Бигрифта ба бӯса аз лабаш ком. Ҷоми майи ӯ зи ҳастии мост, Ҷон бодаву ҷом нафси пидром. Гар нашвавӣ аз шаҳодати ман, Бишнав зи Суруши ғайб пайғом: Май ойинаи ҷамоли соқист, Дар ҷоми Ҷами ҷалол боқист. Ишқ аст ниҳода рахт дар ҷон, Чун сукр, ки дар май аст пинҳон. Аз мастии ишқ мезанад ҷӯш Дар хумми вуҷуд рӯҳи инсон. В-аз ҷӯшиши ин май аст дар давр, Хумхонаи чарх доирасон.