Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Тарҷеъбанд

Эй рухат офтоби кишвари дил, Тоби меҳрат маҳи мунаввари дил. Нақши рӯят маю суроҳӣ чашм, Сӯзи ишқи ту уди миҷмари дил. Зулфи ту бурда об аз рухи ақл, Холи ту карда хок бар сари дил. Туъмаи сунбулат зи хуни ҷигар, Мастии наргисат зи соғари дил. Пур шуд аз ғуссаи ту лавҳи вуҷуд, Набарад қиссаи ту дафтари дил. Ишқ дарёву дил дар ӯ садаф аст, Рӯҳ ғаввосу васл гавҳари дил. Дӯш бо булбулони олами ғайб Мезад ин достон кабӯтари дил, Ки ҷаҳон партавест аз рухи дӯст, Ҷумлаи коинот сояи ӯст. Эй ғамат марҳами талабкорон, Чашми мастат балои ҳушёрон. Абруи ту мақоми ранҷурон, Ҳоҷиби ту табиби беморон. Оразат хобгоҳи махмурон, Гесуят манзили гирифторон. Ҷуръаи ҷоми ту касе, ки чашид, Гашт саққои кӯйи хамморон. Корвон, гӯй, то равон нашавад, Ки равон шуд зи чашми мо борон. Сухани дӯстро ниҳон гуфтем, То наояд ба гӯши ағёрон. Дӯш бо чанг ин наво мехонд Мутрибе дар миёни майхорон, Ки ҷаҳон партавест аз рухи дӯст, Ҷумлаи коинот сояи ӯст. Бедилонро най аст ҳамдами ишқ, Ки ба ҳар дам ҳамезанад дами ишқ. Бе забон асту роз мегӯяд, Ку яке роздору маҳрами ишқ? Чангро бин, палос пӯшида, Мӯй андохта зи мотами ишқ.