Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дӯш мурғони чаман наъраи мастона заданд,

Дӯш мурғони чаман наъраи мастона заданд, Оташе дар дили шӯридаи девона заданд, Зоҳидон хаймаи ишрат суйи майхона заданд, Хез, к-аз боди сабо зулфи суман шона заданд В-аз рухи шоҳиди гул парда барандохтаанд. Соқиё, ҷоми Ҷам аз бодаи ҳумро карданд, Шоҳидон бода ба рӯйи гулу райҳон х(в)арданд. Майфурӯшон майи гулранг ба хун парварданд В-аз гулу сабза бисоте ба чаман густарданд, То дар ӯ маҷлисиён базми тараб сохтаанд. Навбаҳор омаду гулҳои чаман бишкуфтанд, Булбулон рози дили хеш зи кас нанҳуфтанд, Ғунчаро дӯш чу ёқут даҳан месуфтанд, Андалебони саҳархез ба гул мегуфтанд, Ки насими саҳар аз ғолия нашнохтаанд. Соқиё, ратли гарон деҳ, ки зи хилват растем, Сухани тавба магӯ беш, ки мо бишкастем, Бинишин, к-аз майи нӯшини лабат сармастем, Бо гулу лола чу имрӯз ба май биншастем, Қомати сарви саҳӣ аз чӣ барафрохтаанд?! Боданӯшон, ки чу ман муътакифи хамморанд, Вақти он аст, ки хотир ба чаман биспоранд, Абр мегиряду мурғони чаман мезоранд, Ҳаваси сарву гул онҳо, ки чу Носир доранд, Рахти савдо ҳама аз сина бипардохтаанд.
Дӯш мурғони чаман наъраи мастона заданд, | Шоирон