Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй орази ту оинаи сунъи илоҳӣ,

Эй орази ту оинаи сунъи илоҳӣ, Асрори ту чун ҳусни рухат номутаноҳӣ, Дар сояи зулфат шудам эмин зи табоҳӣ, Ҳар ҷо ки занад чеҳраи ту хаймаи шоҳӣ, Абрӯйи ту пайваста бувад ҳиндуи ҳоҷиб. Рафтиву фироқи рухи ту мешиканад дил, Гар хун бишавад аз ғами рӯят, чӣ кунад дил? Бе ёди лаби ту нафаси хуш назанад дил, Бо меҳр агар нисбати рӯйи ту кунад дил, Ҷон наъра барорад, ки магӯ номутаносиб. Боз ой, ки хуни ҷигар аз дида равон шуд, Дарёб, ки ҷонам ба ҷамолат нигарон шуд, Дил дар талабат наъразанон, ҷомадарон шуд, Аз васли ту қонеъ ба хаёле натавон шуд, То Меҳр бувад, кас накунад ёди кавокиб. Эй чашми хирад аз рухи идроки ту маҳҷуб, Бо орази ту сурати Юсуф набувад хуб, Бе бӯйи ту равшан нашавад дидаи Яъқуб, По фарқи иродат наниҳад бар дари матлуб, Бо ёди ту дар хоб шуда дидаи толиб. Чун рӯи ту маҳро набувад сирату ахлоқ, Авсофи ҷамолат натавон кард бар авроқ, Ҳар ҷавру ҷафое, ки кунӣ бар мани муштоқ, Афғон натавон кард, ки дар мазҳаби ушшоқ Фармони ту ҷоиз буваду ҳукми ту воҷиб. Эй нақши ту дар дидаи савдозада ҳозир, Ҳаргиз накунӣ ёди мани сӯхтахотир, Баъд аз ману ту гирди ҷаҳон равшану зоҳир, Васфи рухи хуби туву дарди дили Носир Бар дафтари қозӣ буваду сафҳаи котиб.