Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро,
Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро,
Зулфи ту барошуфта мани бесарупоро.
Он чашми сияҳдил, ки камон дорад аз абрӯ,
Туркест, ки пайваста занад роҳи хаторо.
Занҷир ниҳад турраи ту оби равонро,
Дар дом кашад гесуи ту боди саборо.
Мо гирди ту, эй сарв, чу обем, ки бошад
Осудагӣ аз сояи иқболи ту моро.
Мо аз даҳани танги бутон ваъдаи ширин
Бисёр шунидему надидем вафоро.
Сад бор ба ҳаҷ рафтани ҳоҷӣ накунад суд,
Як бор ҳамон беҳ, ки равад роҳи сафоро.
Рафтан ба дари хона, Худоро, натавонем,
Лутфе куну пайғом бар, эй бод, Худоро.
Эй хоҷа, ту донию ҳавохоҳии султон,
Ман муътақидам ҳиммати риндони гадоро.
То ёр суи худ бикашад ҳамчу камонам,
Рӯзе бинишонам ба нишон тири дуоро.
Носир, чу Хизир дар зулумоти сари зулфаш
Аз чоҳи занахдони ту хӯрд оби бақоро.