Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро,
Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро,
Дар қибла худ о, то бипарастем Худоро.
Чун ғунча касе ёфт ҳавои сари кӯят,
К-андар дили тангаш набувад роҳ ҳаворо.
Ту тозабаҳориву ба савдои ту чун гул
Мо зар бадар оварда зи дил, тозабаҳоро.
Бо мушки Хито нисбати зулфи ту хато рафт,
Хат даркашам аз хатти ту ин хатти хаторо.
Бе мутрибу соқӣ нашавад маҷлиси мо гарм,
Аз булбулу гул ёфт чаман баргу наворо.
Мустазҳарам аз булбули хушнағма, ки дар фақр
Бе савту муғаннӣ натавон ёфт ғиноро.
Носир ба назар оби равон дораду ҳаргиз
Нагрифт каноре чу қади сарви ту моро.