Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро,

Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро, Бигзор, то бибинам дар оина Худоро. Дар Каъбаи висолат гар бошадам мақоме, Аз Замзами ду дида обе занам Сафоро. Эй гул, ба тозарӯӣ биншин бар оби чашмам, То обрӯ физояд аз суҳбати ту моро. Магзор, то рухатро аҳли ҳаво бибинанд, Он беҳ, ки раҳ набошад бар шамъи ту ҳаворо. Гар мушк кард аз оҳу бо зулфи ту ташаббуҳ, Набвад аҷаб, ки дорад дар асли худ хаторо. Хуш бод най, агарчи бар бод рафт умраш, К-ӯ медиҳад навое риндони бенаворо. Носир, ду рӯди дида пур дор аз тарона, К-аз пардаҳои чашмаш барбаста рудҳоро.
Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро, | Шоирон