Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро,
Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро,
Ки ҳукми оина шуд об дидаи моро.
Ту сарви нози манӣ, сар чӣ макашӣ аз ноз,
Гузар ба ҷониби оби равон тамошоро.
Мабош дар ғами фардову шод бош имрӯз,
Ки кас надонад имрӯз ҳоли фардоро.
Биё, ки субҳи баҳор асту вақти гул чидан,
Ки пур зи лолаву гул доман аст саҳроро.
Хумор дарди сар овард, соқиё, бархез,
Ба аҳли дард бидеҳ дурдии мусаффоро.
Даме, ки киштии заррин ба дасти мо ояд,
Зи ташнагӣ ба даме даркашем дарёро.
Бисоз, Носир, бо ошиқию танҳоӣ,
Ки нест заҳмати танҳо ҳарифи танҳоро.