Нигоро, дилбаро, чобуксаворо,
Нигоро, дилбаро, чобуксаворо,
Буто, кофирдило, бераҳм ёро.
Макун дурӣ, макун аз мо ҷудоӣ,
Ки ҳиҷронат парешон кард моро.
Фироқи дӯстон нохуш балоест,
Худоё, кас мабинод ин балоро!
На васлат медиҳад як рӯз ташриф,
На ҳаҷрат мекунад як дам мудоро.
Наоию наояд ёдат аз мо,
Фаромуш кардаӣ гӯйӣ вафоро,
Агар боди сабо гардад ба гирдат,
Зи ғайрат пай канам боди саборо.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Ба дарди дил бисӯзонам қазоро.
Ба ҷони ту, ки бе ту хору зорам,
Бикун раҳме, макун дурӣ, Худоро.
Чу Носир ошиқе бояд мусаффо,
Ки донад қимати ҳусну сафоро.