Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро,

Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро, Хилофи аҳди ту кардан маро чӣ заҳраву ёро? Агар зи зулфи ту дастам расад ба ҳалқаи Каъба, Ба оби Замзами дида сафо диҳем Сафоро. Ҳазор нуктаи ширин ба ваъда аз лаби лаълат Шунидаем, валекин надидаем вафоро. Агар ба дасти расуле таҳийяте нафиристӣ, Ба ҳаққи он, ки каримӣ, худ ой баҳри Худоро. Хаёли он лабу дандон нишастааст ба чашмам, Ба лаълу дур бувад, оре, ҳамеша чашм гадоро. Нахуст тир, ки зад ғамзаи ту бар дили решам, Ҳалок буд, валекин қазо набуд қазоро. Шаби дароз ба сар гирди остони ту рафта-ст, Саҳар ба кӯйи ту рафтан маҷол нест саборо. Агар чу зарра ҳавоӣ шавам зи партави меҳрат, Камина меҳр нагӯяд: масоз тира ҳаворо. Ҳамеша наргиси мастат бувад ба дидаи Носир, Чаро ба чашм наёрӣ ту оби дидаи моро.