Варои ину он ёрест моро,
Варои ину он ёрест моро,
Бурун з–он ину он корест моро.
Буте дорам, ки пеши рангу рӯяш
Гули сурхи чаман хорест моро.
Наёяд дар баён, чандон ки гӯям,
Аҷоиб турфа дилдорест моро.
Бурун аз чорсӯи ҳар ду олам
Сару савдои бозорест моро.
Даруни қолаби аз хун сиришта
Дили маҷрӯҳи афгорест моро.
Даре аз дил суйи бустони ҷон аст,
Бурун з-он низ гулзорест моро.
Ҳазорон Носиру Мансур бар дор,
Ба зери парда асрорест моро.